Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз тарафи Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ барои раисон ва аъзоёни комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ва устуворгардонии фаъолиятҳои соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия дар асоси нақшаи пуррагардонии маркази таълимӣ-методӣ, машғулияти таълимӣ гузаронида шуд.
Ҷамъомади мазкур дар толори маҷлисгоҳи мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалии ноҳия гузаронида шуд.
Мақсади асосии баргузории машғулият, омода намудани комиссияҳо дар самти омодагӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда инчунин, иҷро намудани бандҳои нақшаи кории барои соли 2020 мебошад. Дар машғулияти мазкур тамоми раисон ва аъзоёни комиссияҳо ба пуррагӣ иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи баргузории машғулият афсарони Раёсати Кумита дар ВМКБ оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ёрии амалии методӣ расониданд.