Баррасии истифода аз телефонҳои ҳамроҳ ҷиҳати иттилорасониҳои фаврӣ аз вазъи фавқулодда
Чоп шуд: 20/09/2018 | adminИстифода аз ҳар роҳу воситаи имконпазир барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилои лозим дар мавриди обу ҳавои номусоид ва ё иртиботи ҳамешагӣ доштан бо онҳо ба хотири ирсоли огоҳиҳои зарурӣ яке аз ҳадафҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аст. Аҳолӣ бояд сари вақт тавсияҳоеро дарёфт намояд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳо аз офатҳои табиӣ ба он ниёз дорад. Ва яке аз ин воситаҳо шояд истифодаи телефонҳои ҳамроҳ бошад. Чун ҳамаи аҳолии кишвар: донишҷӯён, коргарон, хонандагони мактабҳои миёна, солмандону нафақахӯрон аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.