Рӯзи 1-уми март ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №40 – и шаҳри Хуҷанд, ки дар бинои МТМУ № 10 ба номи Алиҷон Давлатов ҷойгир аст, рафтанд ба номзади арзандаи худ овоз доданд.
Ҳайати шахсӣ, афсарону прапоршикон, сержантони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба мақсади рушди босубот ва тараққии кишвари азизамон раъйи худро доданд.
Бино ба иттилои Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00 шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 236 мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи САҲА, Комиссияи интихоботии дигар давлатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва 4910 мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад».
Қарор аст натиҷаи ниҳоии интихобот имрӯз, 2 март эълон шавад.