Боз як ҷасади ғарқи обшуда. Ин бор дар шаҳри Душанбе. Марди 42-сола бо сабаби то кунун номаълум дар об ғарқ шудааст ва муддати 9 рӯз аст, ки пайвандонаш ӯро меҷӯянд. Вай рӯзи 20-уми феврал аз хона баромад ва дигар барнагашт. Ҳеч сабаби ҳодиса ҳоло мушаххас нест. Муҳим он аст, ки бо инсоне аз ҷони ҷавонаш ҷудо шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми наздик шудан ба махзанҳои об хеле эҳтиёткор бошанд. Агар ҳолати руҳии носоз доред, пас хуб аст аз рафтан ба ин гуна мавзеъҳо худдорӣ намоед.
Субҳи рўзи 28 феврал навбатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ба шўъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» - и маҳаллаи Заргар дар дохили канали дереватсионии Варзоб, як ҷасад намудор шудааст.
Соати 10:03 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса расид. Онҳо ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим карданд.
Маълум гардид, ки марҳум истиқоматкунандаи кўчаи Н.Додхудоев буда, 46 сол доштааст. Пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ 20-уми феврали соли равон аз хона баромадаву то кунун барнагашта буд.
Дар айни замон маълум нест, ки ӯ даст ба худкушӣ задааст ва ё бар асари ҳодисаи дигар дар об ғарқ шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.