Ахбори рӯз

12-умин мусобиқоти бисёрҳарба миёни наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуд

12 –умин бозиҳои қаҳрамонии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар ин мусобиқот 7 даста аз ҷумлаи воҳидҳои наҷот ширкат мекунанд. Ба ҳайати ҳар тим наҷотдиҳандагони касбӣ дохиланд, ки бисёри онҳо дар кори бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои

Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ

Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини ба дўш гирифтани масъулияти роҳбарии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат, ҳифзу густариши забони миллиро дар мадди аввал гузошт. Аз ҷумла чораандешиҳо барои рушду густариши забони миллӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои амали

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби бинои нав бароии Маркази омӯзишӣ шуд

Маркази омӯзишиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки як ниҳоди тозатаъсиси омӯзишист, бо бинои нав ва муҷаҳҳаз таъмин гардид. Ин бино дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Кумита сохта шуд ва маблағгузори он Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ буд. Бинои сеошёна дар муддати як сол сохта шуд ва имрӯз маросими таҳвили он баргузор гардид.

Садамаҳои марговар дар кишвар: Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Зарфи як шабонарӯзи охир бар асари чанд садамаи марговар чандин нафар аз шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд. Яке аз сабабҳои асосии ин садамаҳо риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, боло бурдани суръати ҳаракати мошинҳо ва беэҳтиётиву каммасъулиятии ронандагон аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад:

Омӯзиши ихтиёриён ба наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ

Офати табиӣ ва ё техногенӣ метавонад ҳар лаҳза ва дар дилхоҳ маҳаллу ноҳия сар занад. Инҳо қонунҳои пешгӯинашавандаи табиатанд, ки аз одамон омодагии ҳамешагӣ мехоҳанд. Афзудани сафи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ талаб мекунад, ки воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита бо онҳо дарсҳои омӯзишӣ гузаронанд ва онҳоро барои ҳодисаҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ омода созанд.
Кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои

Страницы