Обу ҳавои рӯзи шанбе, 7-уми марти соли 2020

Бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7  март низ дар кишвар ҳаво тағйирёбанда аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад, дар водиҳо борон. Боз ҳам ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилоте ба бор меорад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Ҳавои рӯзи оянда дар саросари кишвар тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7-уми март дар шаҳри  Душанбе ҳавои абрӣ, шабона ва субҳ борон меборад ва он баъзан ба барфи тар табдил мешавад.  Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад.  Ҳарорат шабона  2+4°, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, дар водиҳо гоҳ борон ва гоҳи дигар барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Вазиши шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати  10-15м  дар як сония. Ҳарорат дар водиҳо шабона  1+6°, рӯзона 4-9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  1-6° хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тайирёбанда, гоҳ барфу гоҳ борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/c ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15м/с  мевазад. Дамои ҳаво шабона 2+4°, рӯзона 5+7° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд  низ ҳаво абрист, дар баъзе ноҳияҳо барф ва борон меборад, қисман туман мефарояд ва ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро мушкил мекунад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳо шиддати шамол то ба 10-15м/с мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона  3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  4 - 9° сард, рӯзона а 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.  

Ҳавои шаҳри Хоруғ  абрӣ, баъзан борон меборад ва гоҳе барф.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона  0-2° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои абрист, баъзан барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 9-11°, рӯзона 0+2° гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона  0-5°, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят шабона 9 - 14° сард, рӯзона -3+2° гарм мешавад.  Дамои ҳаво дар Булункӯл 20-22 дараҷа сард мешавад.   

 ш. Бохтар – Ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, туман мефарояд, борони кутоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 4+6°, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад. 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳарчанд ҳаво абрист, вале  бориш намешавад, баъзан туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Шабона 2+4 дараҷа ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок. Дар водиҳои вилоят борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида ба шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

барчасп: