6 марти соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи модар ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар ин ҷаласа Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони сарраёсату раёсатҳо ва шуъбаҳо ширкат намуданд.
Сарвари Кумита ҷаласаро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ кард ва аз ҷумла гуфт: “боиси хушбахтист, ки имрӯз бонувони хизматчии ҳарбӣ дар корҳи ҳимояи ватан аз ҳолатҳои фавқулодда ҳиссаи сазовор мегузоранд”.
Зикр гардид, ки занон дар ҳама давру замон бо ахлоқи намунавиву ҳамида ва рафторҳои шоистаи худ, ҳисси ғамхорӣ, садоқат фарқ мекарданд ва барои ҳимояи манфиатҳои давлатӣ омода буданду ҳастанд. Онҳо дар баробари ин муҳофизони бебадали хонавода мебошанд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин роҳбарони сарраёсату раёсатҳо бонувони Кумитаро ба Рӯзи модар муборакбод карданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ бо фармони Сарвари КҲФ бонувони фаъол бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин гуна ҷаласаҳои тантанавӣ дар Раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ, шуъбаҳо баргузор гардид.