Кашфи ҷасади марди ношиносе дар як чоҳи об

Дар чоҳе воқеъ дар наздикии маҷмааи “Шарқи озод”-и шаҳри Душанбе ҷасади як марди ношинос пайдо шуд. То кунун мушаххас нашудааст, ки ин мард кист ва аз куҷост ва сабаби ғарқи чоҳ шуданаш чист.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 1-уми марти соли равон дар назди бинои маҷмааи “Шарқи Озод” дар даруни чоҳ ҷасади як мард пайдо шуд.

Соати 12:15 дақиқа дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 12:30 дақиқа ҷасадро бароварданд.

Ҳуввияти ҷасад маълум нашуд, асноди мушахаскунандаи шахсияти ӯ пайдо набуд. Кормандони наҷот ҷасадро барои шиносоӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ин дуюмин ҳодисаи аз об берун овардани ҷасади афрод зарфи чанд рӯзи охир аст. Субҳи рўзи 28 феврал навбатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ба шўъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе хабар дод, ки  дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» - и маҳаллаи Заргар дар дохили канали дереватсионии Варзоб, як ҷасад намудор шудааст.

Соати 10:03 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса расид. Онҳо ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим карданд. 

Маълум гардид, ки марҳум истиқоматкунандаи кўчаи Н.Додхудоев   буда, 46 сол доштааст. Пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ 20-уми феврали соли равон аз хона баромадаву то кунун барнагашта буд.

барчасп: