Ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолият ва баргузории ҷаласаи Комиссияи вилоятии ҲФ дар Хатлон
Чоп шуд: 03/10/2019 | redaktor
Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолияти Раёсат баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумита полковник М. Салимзода ширкат намуд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои Раёсат шунида шуд. Полковник М.Салимзода зимни суханронии худ ба камбудиҳо дар кори як қатор сарварони шуъбаҳо ишора кард ва барои бартараф намудани он вақт муайян намуд. Дар ин ҷаласаи диққати асосӣ ба омодагиҳо ба давраи тирамоҳ ва зимистон равона шуд.