ҲУШДОР! ЭҲТИЁТ КУНЕД! Қариб ҳар рӯз дар хабарҳои худ мо дар бораи эҳтиёт ҳарф мезанем. Эҳтиёт аз хатаре, ки ба ҷони шумо таҳдид мекунад. Аслан гузаштан аз болои ягон қубуре, ки зераш рӯди хурӯшон мегузарад, иҷозат нест. Аксари сокинони пойтахт ин қубурҳоро болои рӯди Душанбе дидаанд ва медонанд, ки тай кардани масофаи он аз соҳил ба соҳили дигар кори содаву осоне ҳам нест. Боз дар аввали баҳор, ки дарёи Душанбе фавқулода сероб мешавад. Вале донишҷӯи соли дуюм хост аз он гузарад ва ба дарё сарозер шуд. Шояд натавонист мувозинаташро нигоҳ дорад. Ва хонуми 61-сола ҳам дар ноҳияи Вахш шояд аз ҳамин бэҳтиётӣ сарозер шуд ва ҷони ширинашро аз даст дод. Чаро мо то ин ҳад беэҳтиёт шудаем, ки ҳатто дониста ҷони худро дар хатар мегузорем?
Бегоҳии рӯзи 16-уми апрел, дақиқан соати 19:10 дақиқа шаҳрванд Оймаҳмадов Алишер ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар шафати Маҷмааи варзишии “Қасри тенис” хиёбони Ҳ. Шерозии ноҳияи И. Сомонӣ як нафар ҳангоми убур аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе сарозер шудаву дар оби пурталотуми дарё ғарқ шудааст. Мавсуф гуфтааст, ки шоҳид буд, ки ин ҳодиса соати 18:30 дақиқа рух дод.
Гурӯҳи зудамали наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасад то соати 22:30 дақиқа идома кард. Вале бенатиҷа.
Аммо субҳи имрӯз ғаввосони наҷотбахши Раёёсати кумита корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд ва ҷасад пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ ғарқшуда 22 сол дошта, сокини ноҳияи Масчои вилояти Суғд буда, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад ва дар хобгоҳи ҳамин донишгоҳ истиқомат мекард.
*** *** ***
Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Вахш рӯзи 11-уми апрели соли равон як сокини 61-солаи шаҳри Левакант аз хона баромадаву барнагаштааст.
Панҷ рӯз баъд, рӯзи 16-уми апрели соли 2020 наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади ин бонуи 61-соларо аз канали воқеъ дар мавзеъи Мардаксой, ки аз назди хонаи марҳум мегузарад, берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Иллати ин ҳодиса маълум нест. Хешовандонаш мегӯянд тибқи одами маъмул аз хона берун шуда буд ва мушкиле дар хонадон надошт. Эҳтимолан аз беэҳтиётӣ дар оби пуршӯри канал ғарқ шуда бошад.
*** *** ***
Дирӯз ҳам корҳои поксозии канали Ҳисор бо истифода аз 8 техникае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо карда буд, идома дошт. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи як муоҳада тасмим гирифта буданд канали машҳури Ҳисорро бо ҳам тоза кунанд, то амнияту бехатарии сокинон таъмин бошад. Дирӯз масофаи 400 метр роҳ пурра аз ҳар гуна хасу хасрубаву регу шағал пок шуд. Аз оғози кор то кунун аз ду тарафи канал масофаи 12 километр тоза карда шудааст ва корҳои поккорӣ ҳамоно идома доранд.
*** *** ***
Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Ҳисор рӯзи 15-уми апрели соли равон кормандони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар селроҳаи мавзеъи Уртабуз, воқеъ дар канали деҳаи Сайёд, ҷамоати деҳоти Ҳисор, ки селроҳаи деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор убур мекунад, корҳои поксозии ҷараёни об ва мустаҳкам кардани соҳилҳои каналро анҷом доданд.
Барои роҳандозии ин корҳо 2 адад экскватори заминкан истифода ва дар натиҷа бештар аз 110 метри мукааб регу шағал аз селроҳа ва канал берун оварда шуд.
Дар сурати омадани сел ва берун рехтани об аз селроҳа эҳтимолан заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва 30 хоҷагии деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Ҳисор зери хатар мемонд.