Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз техникаи махсуси таблиғотӣ бо тарбиягирандагони ду кӯдакистон пойтахт дарсҳои амалӣ гузарониданд.
Дар ин дарсҳо филмҳои аниматсионӣ истифода шуданд ва кормандони КҲФ ба бачаҳо қоидаҳои асосии риояи гигиенаи шахсиро нишон доданд.
Ҳамчунин бо истифода аз равишҳои бозӣ кормандони КҲФ масъалаҳои басо муҳими ҳосил намудани малакаҳо дар мавриди риояи қоидаҳои гигиениро омӯзониданд.
Ҳангоми гузаронидани ин дарсҳо ҳудудан сад нафар тарбиягирандагони кӯдакистон ва мураббиёни онҳо ҳузур доштанд. Дар поёни суҳбат ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.