Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 28/06/2019 | redaktor
26 - 27 июни соли 2019 дар як қатор воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 22-солагии Ваҳдати миллӣ ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор шуданд. Чунончӣ, дар ҷаласаи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе қайд гардид, ки барқарор шудани сулҳу субот, ба даст омадани ризояти миллӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик аст.