Ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ (сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Ванҷ), ки рӯзи 31-ми майи сол равон ҳамроҳ бо падараш дар дарёи Хумбов дар садамаи мошин сарозер шуда буд, дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд. Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ҷасади Умари хурдсолро ба пайвандонаш супрданд.
Гуфтанист, ки баъд аз зуҳри рӯзи 31-уми майи соли равон дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.
Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад. Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар (падару писар) ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд.
Ҷасади духтари 16-сола баъди 5 рӯз пайдо шуд
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки рӯзи 28-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 як сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон андохта буд. Ин духтар ҳамагӣ 16 сол доштааст ва сабаби худкушӣ маълум нест.
Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд ва талошҳои панҷрӯза билохира дирӯз, 1-уми июн наҷотдиҳандагони ихтиёрии водии Зарафшон ҷасади марҳумро дар деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ҳамчунин Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар вилояти Суғд хабар дод, ки як сокини 24 - солаи шаҳри Истаравшан дар пойгоҳи обкашии Қизилӣ - 2 ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд.
Мавсуф оиладор ва соҳиби ду фарзанди ноболиғ буда, муваққатан дар ноҳияи Зафаробод кор мекард. Шоҳидон гуфтаанд, ки вай мехостааст дар оби пойгоҳи обкашӣ дасту рӯй шӯяд ва ногаҳон ба ҳавзи он фурӯ рафтааст.
Бегоҳии дирӯз ҷасади марҳум аз ҷониби сокинони ҷамоати ёдшуда пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.