Ахбори рӯз

Иқдоми «Тобистони бехатар дар об”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии кӯдакон ва наврасон дар назди махазнҳои об ҳангоми таътили тобистона диққати зиёд медиҳад.  Кормандони КҲФ дар маҳалҳо корҳои зиёди таблиғотӣ мебаранд ва барои ҷалби ширкаткунандагон аз шеваҳои мухталифи таъсиррасон истифода мекунанд.

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба анҷом расид

Имрӯз - 25 июл дар толори маркази матбуотии хабаргузории “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон баргузор градид, ки дар он Муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода, сарварони сарраёсатҳо ва воҳидҳои Кумита, намояндагони воситаҳои ахбори дохиливу хориҷӣ ширкат намуданд.

Супурдани техника ва таҷҳизоти махсус аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин

23 июли соли 2019 барои ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 127 номгӯ васоити техникии ҳарҷогард ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот супорида шуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё намудааст.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар рӯзҳои истироҳат се шаҳрвандро наҷот доданд

Боз се шаҳрванд – ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд, ки дар Сирдарёи шаҳри Хуҳанд ғарқ мешуданд, аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд наҷот дода шуданд. Шаҳрвандон дар мавзеи манъшуда оббозӣ карда, ба гирдоб афтиданд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ, ки ҳамарӯза ба гаштзании соҳилҳои дарё машғуланд, сари вақт ба ёрӣ расида омаданд.

Наҷоти 100 нафар ва 15 ҳазор сар чорвои сокинони Пакшиф дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Сад нафар сокинони як русто дар Кӯҳистони Масчо бар асари хароб шудани пули иртиботиашон ба хатар рӯ ба рӯ шуданд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳӣ дар минтақаи Зарафшон ва Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия Мастчо ба кумак расиданд ва бо истифода аз заврақҳои резинӣ онҳоро бо маводи ниёзи аввалия ва масолеҳи сохтмон ҷиҳати барқарор намудани пули харобшуда таъмин карданд.

Страницы