Мухтасари хабар: Ба осебдидагони сел дар ноҳияи Хуросон кумаки навбатии башарӣ аз Сафарати Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон расид. Сокинони хонаҳои валангоршуда дар мавзеъи нав ба бунёди манзилҳои нав шуруъ карданд. Дирӯз ихтиёриён аз ташкилоту муассисаҳои вилоят ба ёрии сокинон омаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозии харобаҳои сел ва сохтмони биноҳои нав барои осебдидагонро пурра зери назорат гирифтааст.
Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осебдидагони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кумакҳои нав расиданд.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ба зарадидагони деҳаи Чорбоғи ҷамоати С.Айнии ноҳияи Хуросон 67 тонна семент чун ёрии башарӣ кумак намуд. Инҳо ҳамон сокиноне мебошанд, ки сел пурра манзилҳояшонро валангор карда буд ва ҳоло ниёз ба хонаҳои нав доранд.
Дар маросими таҳвили ёрии башарӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар, Ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник М.Салимзода, ҳамчунин намояндагони ҳукумати иҷроияи вилоят ва ноҳия ширкат намуданд.
Ҷаноби Сафир зимни суханронии худ изҳор дошт, ки халқи Покистон ҳамеша омодаи кумак ба бародарони тоҷики худ мебошад.
Ин миқдор ёрии башарӣ бо техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ноҳияи осебдида расонда шуд ва бо иштироки намояндагони комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба осебдидагон тақсим карда шуд.
Гуфтанист, ки ҷараёни корҳои барқарорсозии харобаҳои сел ва сохтмони биноҳои нав барои осебдидагон зери назорати КҲФ мебошад.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии Раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дирӯз, 14-уми июн гурӯҳи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои кумак дар умури сохтмонӣ ба маҳаллаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон омаданд. Бо дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, мутахассисони соҳаи меъморӣ лоиҳаи сохтмони манзилро барои ҳар як оила таҳия намуда, ҳоло бинокорон аз рӯйи ин тарҳҳо хона месозанд.
Ин манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба ҳолати 13 июни соли 2020, аз 68 хонаи пурра ва қисман зарардида корҳои ҷобаҷокунӣ ва ҳамворкунии он 100%, кандани хандақ (траншея) 100%, асоси таҳкурсӣ (подушка) 100%, таҳкурсӣ дар 51 хона 100%, дар 17 хона сохтмони зербино дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, дирӯз дар 5 хона бардоштани девор оғоз гардид.