Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ду рӯзи оянда аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 26-уми марти соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор хоҳад буд, боронҳои шадид меборанд, раъду барқ ва бориши жола низ дар назар дошта шудааст.

Таҷлили Наврӯз дар қисми низомии Кумита воқеъ дар вилояти Суғд

Дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Чорабинӣ бо ироаи суруди миллӣ оғоз гардид. Сараввал полковкник Собирзода Ширинҷон Собир - муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ба сухан баромада, табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Паёмадҳои сели рӯзи 21-уми март: корҳои бартарафсозӣ идома доранд

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои борони селосо дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ идома доранд. Бино ба гузоришҳои расида аз минтақаҳо бо талоши дастаҷамъии сокинон ва кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои маҳаллӣ манзилҳои зери обмондаи сокинон аз обу лойи сели азим тоза мешаванд.

Наврӯзу баҳор муборак!

Муҳтарам корбарони сомона!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо самимона ба муносибати фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонафрӯз – қадимитарин ва ҳамзамон замонатарин ҷашн муборакбод мекунад!

Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ашёи ҳифозатӣ аз короновирус тақдим шуд

Бо мақсади омодагӣ ба паҳн шудани вируси короно COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Страницы