Барфи Душанбе. Чаро ронандагон ба огоҳиҳо таваҷҷуҳ намекунанд?
Чоп шуд: 09/04/2020 | admin
Аз нимашаби гузашта ҳавои боронии Душанбе барфӣ шуд. Қарибиҳо саҳар аз садои шикастани дарахти бузурги паси хона бедор шудам. Атрофи шинохта намешуд. Мегуфтӣ зимистон аст ва ҳатто Душанбе зимистон ин гуна барфпӯш набуд.
Дарахти азим дар рӯ ба рӯи хонаи мо аз бори азими барф чаппагардон шуд. Роҳеро баст, ки чаҳор мошин дигар роҳи





