Ду сокини деҳаи Парзудчии ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд. Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд, ки яке аз ин ду нафар 22 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст ва бе раҳнамоии пайвандонаш оббозӣ мекардааст. Сабаби марги ин ду нафар беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.
Барои пайдо кардани ҷасадҳои шаҳрвандони зикргаршуда дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуда, то соати 23:30 ҷустуҷӯ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд.
Ҳоло кормандони Раёсат якҷо бо сокинон ва хешовандони ғарқшудаҳо ба ҷустуҷӯ идома медиҳад.
Тафсилоти хабар нашр хоҳад шуд.