Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҷаласаҳои ҷамъбасти фаъоллиятҳои шашмоҳа баргузор шуданд. Дар кори ин ҷаласаҳо роҳбарони КҲФ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳо ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳои Раёсатҳои Кумита шунида шуданд. Дар суханрониҳо асосан дар бораи корҳои анҷомшуда зарфи ин шаш моҳи сипаришуда сухан рафт. Аз ҷумла, дар бораи шумораи ҳодисаҳо ва рӯйдодҳо ва одамони наҷотдодашуда дар офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои техногенӣ табодули афкор сурат гирифт.
Аз рӯйи ҷамъбасти ҷаласа вазифаҳои асосии воҳидҳои сохтории КҲФ дар нимсолаи дуюми соли 2020 муайнян карда шуданд:
- ташкил ва баргузории чорбиниҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ, роҳ надодан ба ҳалокат ва захмӣ шудани одамон;
- татбиқи назорати иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- баланд бардоштани сифати омодагиҳои касбии кормандони раёсатҳо;
- таҳкими корҳои пешгирикунанда дар мавсими оббозӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ миёни аҳолӣ.