Яке аз вазифаҳои муҳим дар мавсими истироҳатҳои тобистона роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳо, обанбору кӯлҳои кишвар аст, ки тибқи нақшаи корӣ пайваста амалӣ мешавад. Ҳадаф ёдрас кардани қоидаҳои бехатариву риояи онҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар кишвар аст. Ҳамасола дар мавсими оббозӣ дар обҳои мамлакат даҳҳо тан ғарқ мешаванд, ки як сабаби аслии он риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназорат гузоштани ноболиғуну кӯдакон аз ҷониби пайвандони онҳо мебошад.
Раёсати Хатлон
Дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2020 ва Протоколи ҷаласаи назоратии назди роҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси вилояти Хатлон рўзи 2 июли соли 2020 хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон ва Идораи телевизион ва радиои Хатлон дар дарёву каналҳои ноҳияи Кўшониён оид ба пешгирӣ аз ғарқшавии эҳтимолии кўдакону ноболиғон дар рафти таътили тобистона корҳои таблиғотӣ ва рейдҳо гузаронида шуда, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дастурамал оиди шиноварӣ тақдим карда шуд.
Дар мулоқот бо истироҳаткунандагон дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ва амният дар обҳо, расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ ба ғарқшудагон ва ғайра нақл карданд ва баъзе аз ин амалҳоро амалан ҳам нишон доданд.
Қарор аст ин гуна рейдҳо дар соҳили обҳои вилоят муттасил гузаронида шаванд.
М.Муйдинов
Раёсати Душанбе
Рўзи 02 июли соли 2020 афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шўъбаю бахшҳои ноҳиявии Раёсат, якҷо бо намояндагонӣ ШВКД дар ноҳияи Сино 2, дар соҳилҳои дарёҳо, каналҳо ва кўлҳо, ки аз ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот бо истироҳаткунандагони кӯли «Ҷавонон», дарёи «Душанбе», дарёи «Лучоб» дар бораи қоидаҳои оббозӣ ва маҳалҳои барои шиноварӣ махсус ҷудошуда накл карданд.
Инчунин аз ҷониби гўрӯҳи корӣ дар мавзеъҳое, ки оббозӣ кардан қатъиян манъ аст, лавҳаҳо насб карда шуданд.
О.Фахриддинзода