Ахбори рӯз

Бархӯрди харсанги азим ба Мерседеси бензинкаш. Мошин осеби сахт дид, ронанда солим. (ВИДЕО)

Резиши санг ва канда шудани як харсанги азим аз кӯҳ муддате роҳи Душанбе-Хуҷандро баст. Ин харсанг ба кабинаи мошини боркаш бархӯрд, ронанда осеб надид. Дар фурсати хеле кутоҳ роҳ аз сангу рег тоза ва мошинҳо дубора ба ҳаракат даромаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки хавфи омадани селу тарма ва резиши санг дар роҳҳои...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Моро ҳавои пурбориш интизор аст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад. Дар бештарин қисматҳо омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Профессор Саидбек Сатторов: Ниқобҳои тиббӣ хатари сироят аз коронавирусро кам менамоянд

Мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ки ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калонанд. Андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин

КОРОНОВИРУС: Шумораи мубталоён дар ҷаҳон аз ним миллион нафар бештар гашт. Амрико вогиртар аз Чин шуд

Тибқи оморҳое, ки давлатҳо то субҳи имрӯз мунташир краданд, тедоди мубталоён ба короно аз ним миллион нафар гузашт. Аз ин теъдод беш аз 120 ҳазор нафар муолиҷа шудаанд ва ҳудуди 23 ҳазор нафар ҷонашонро аз додаанд. Чин, Италия, ИМА, Испания, Олмон ва Эрон беш аз кишварҳои дигар шаҳрвандони сироятшуда доранд. Амрико дар шумори сироятёфтагон ба короновирус аз Чин

Баррасии масоили коррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи “Стратегияи муқобила бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020” мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе подполковники адлия

Страницы