Ҳазор кило хлор ва маводҳои дигар ёрии башарии Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Раёсати Хатлон

Рӯзи 30 июни соли 2020 Агентии Оғохон оид ба макони зист дар доираи барномаи ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи муштарак бар зидди коронавирус COVID-2019 ба Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ёрии башарӣ расонд.

Ин кумакҳо аз 1000 кило хлор, 1000 дона ниқоби истифода барои як бор, 500 адад либосҳои муҳофизатӣ, 1000 ҷуфт дастпӯшҳои латексии ностерилӣ, 500 дона ниқоб-распиратор - FFP 2 (истифодаи чандкарата), 1000 дона маҳлули антисептикии яклитра, 320 кӯрпа, 320 матрас, 5 дег, 5000 литр бензин, 5000 литр сӯзишвории дизелӣ иборат буд.  

Маврид ба ёдоварист, ки ду рӯз пеш ҳамин гуна ёриҳои башарӣ аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ расида буд.

 

Муродҷон Муйдинов, Раёсати Хатлон

 

БОЗ ДАР ИН БОРА: