Боз ду ҷасад аз оби сард берун оварда шуд. Якеро аз Норак ва дуюмиро аз Зарафшон ёфтанд. Ва ҳарду ҳам ҷавон: яке писаракест, ки 15 сол дорад ва дар бораи ӯ дирӯз хабар дода будем ва дуюмӣ духтари 17-сола. Имрӯз боз ду хона мотам доранд, ду хонавода азодор, ду модар хунинҷигар. Ва сабаби марги ин ду ғарқшуда беэҳтиётӣ номида шуд. Пас бояд эҳтиёт кард, бояд волидон ноболиғони худро танҳо нагузоранд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва кормандони бахши он дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб дирӯз баъд аз зуҳр ҷасади ноболиғи ғарқшуда бар обандори НБО Норакро пайдо ва волидонаш супурданд.
Ин ноболиғ, ки сокини деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара буд, рӯзи 24-уми июн ҳангоми оббозӣ бо дӯстонаш аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд. Ҷустуҷӯи ҷасад рӯзи 25-уми июн бенатиҷа наҷом гирифт ва танҳо дирӯз баъди кофтукови зиёд ғаввосони Раёсати КҲФ дар Хатлон ӯро пайдо карданд. Муфассалтар ин ҷо: Тозаахбори ин соат. Қасди худкушии як зан дар Душанбе. Ноболиғи ғарқшуда дар Норак ва муштзании фоҷеабори ду ҷавон дар Душанбе.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки тибқи маълумоти сардори Шуъбаи Раёсат дар шаҳри Панҷекат рӯзи 25-уми июни соли равон, соати 19:05 дақиқа дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар мавзеъи пойгоҳи обкашии Зарафшон наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ ҷасади як духтари ҷавонро пайдо карданд.
Маълум гардид, ки номбурда 17 сол дошта, сокини деҳаи Қуноқи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷекат будааст.
Ҷасад ба волидони духтар супурда шуд. Манбаъ мегӯяд бино ба иттилои пайвандон ин духтар субҳи рӯзи 24 июн аз хона берун шуда ва аз беэҳтиётӣ дар дарёи Зарафшон ғарқ шудааст.