Дар рӯзҳои гарм, ки бештари мардум худро ба соҳили дарёву кӯлу обанборҳо мезананд, хавфи аз беэҳтиётӣ ғарқ шудани инсонҳо зиёд аст. Бахусус, агар онҳо қоидаҳои шиноварӣ надонанд ва ё дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кунанд. Ҳамеша бо ин одамон будан ва дар бораи қоидаҳои бехатарӣ суҳбат кардан, хавфи рӯйдодҳои нохушро камтар мекунад.
Рӯзи 24-уми июни соли равон кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе тибқи супориши супориши Роҳбарияти Кумитаоид ба риояи қоидаҳои оббозӣ, андешидани чораҳои зарурӣҷиҳати тайёрии кулҳо ва аквапаркҳо ба мавсими оббозӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқ шудани одамон, чорабиниҳои санитарию эпидемиологӣ ва экологӣдар махзанҳои оби қаламрави пойтахти кишвар як силсила корҳои таблиғотӣ анҷом доданд.
Ҳадаф пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯшест, ки бар асари он одамон ба ҳар гуна мусибатҳо дучор меоянд. Аз ҷумла, оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ҳамеша пурхатар аст ва мебояд истироҳаткунандагон ҷойҳои иҷозатшударо маҳалли оббозӣ қарор диҳанд.
Дигар, бе назорат гузаштани бачаҳо ва наврасон хатар дорад ва онҳо бояд ҳамеша зери назорати калонсолон бошанд.
Дастаи махсуси зудаамали наҷоти Раёсат дар кўли «Душанбе» дар мавзўи «Риояи қоидаҳои бехатарӣҳангоми оббозии кўдакон, наврасон ва калонсолон дар мавзеҳои шиноварӣ, тарзи расонидани ёрии аввалини тиббӣҳангоми ғарқ шудан дар об” истироҳаткунандагонро тамриндоданд.
Ҳамзамон аз ҷониби гурўҳи корӣ дар соҳилҳои канали Варзоб, дарёи Душанбе ва дарёи Лучоб бо шахсоне, ки ба оббозӣ машғул будаанд, низ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида шуд.
Чорабиниҳои гузаронида шуда аз ҷониби шабакаҳои телевизионии Душанбе HD, Мир ва шўъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор гирифта шуд.
Р. Неъматзод,Сардори
Раёсат полковник