Тибқи маълумоти сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нисфирӯзии 26 июни соли 2020 як ноболиғи 11-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беназоратии волидон ва беэҳтиётии худ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Оби пурхӯруш дар як нафас ӯро аз назарҳо ғоиб кардааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дарёфти хабар соати 15:30 дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва дар мавзеъи зикршуда корҳои кофтуковиро оғоз намуданд. Кофтуков то соати 18:56 дақиқа идома ёфта, аммо ягон натиҷа надод.
Ҷузъиёти хабар нашр мешавад.
Ҳалокати навраси 12-сола дар ҳавз
Навраси 12-сола аз шаҳри Ваҳдат ба шаҳри Душанбе ба хонаи бобояш меҳмонӣ омадааст.
Ҳангоми санг бор кардан, ногаҳон ба як ҳавзи соҳили дарёи Душанбе сарозер шудааст. Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса расид. Соати 19:50 ғаввосони Раёсат ҷасадӣ номбурдаро аз қаъри обпайдо намуданд ва ба кормандони ШВКД-2 ноҳияи Фирдавсӣ супориданд.
ХАБАРҲОИ ДИГАРРО АЗ ИН ҶО БИХОНЕД:
Ногуфтаҳо аз ахбори рӯзҳои истироҳат