Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Моро ҳавои пурбориш интизор аст!
Чоп шуд: 28/03/2020 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад. Дар бештарин қисматҳо омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.





