Тозаахбори ин соат. Таъсири сел ба маҷрои Сурхоб, ҳолати фавқулода дар Сичароғ бартараф мешавад

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи  Лахш рӯзи 12-уми июни соли 2020, соати 17:50 дақиқа дар  километри 250 шоҳроҳи Ваҳдатиргатол-Саритош,  ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел рехт ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.

Сардорони шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод ба аҳолие, ки дар назди соҳили дарёи Сурхоб истиқомат доранд, ҳодисаи баамаломадаро хабар доданд ва онҳоро ба ҳар рӯйдоди эҳтимолӣ омода сохтанд.

Соати 20:50 дақиқа сатҳи об поин рафт, Сурхоб ба маҷрои худ баргашт, ҳолати баамаломада бартараф гардид.

****    ****    ****

Сокини кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе М.Шоихуҷаева ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зад, ки дари хонаи истиқоматиаш маҳкам шудааст ва ӯ ҳеч наметавонад онро боз кунад. 

Гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 20:20 дақиқа дари хонаро кушоданд.

****    ****    ****

 Бо мақсади бартарафкунии оқибатҳои ҳолати фавқулодда дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун рӯзи 12-уми  июн корҳои зерин иҷро гардиданд:

Аз  тарафи НБО шаҳри Роғун бо ҷалби 1 эксковатор 315 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва 120 метр роҳ тоза ва барқарор карда шуд. Корҳо дар ин самт идома дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки соати 16:00 дақиқаи рӯзи 9-уми июн бар асари бориши боронҳои пуршиддат ва жола дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун сел омад.

Сел роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии деҳаҳои Луғури боло, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бек ва 3 пули хурд, 4 симчуби чубини барқиро қисман хароб намуда, 3 чорвои калони  сокинони деҳаи Санги Сурхро нобуд карда буд.  

барчасп: