Рўзи гузашта, соати 11:47 дақиқа дар корхонаи коркарди нафт воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтори шадид рух дод. Бино ба гузориши Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои и фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 зарфи нигаҳдории гази моеъ оташ гирифт ва хисорати калоне ба ин корхона овард.
Ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо хадамоти сӯхторхомушкунии ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар шуданд.
Соати 14:10 дақиқа сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сабаби сар задани сӯхтор аз тарафи мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад.