Ин мақола посух ба касе нест, балки рӯнависи басо мухтасарест аз корҳои анҷомшуда барои бартараф намудани паёмадҳои сели харобкор ва ярч дар чанд минтақаи ноҳияи Хуросон. Мухтасар аст, ҳарчанд мехостам муфассалтар аз ин бошад, чун зарфи ҳудудан як моҳ ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҳсонкорон барои сабук кардани дарду ранҷи мардуми осебдида корҳоеро ба субут расондаанд, ки арзиши даҳҳо мақолаву гузоришро дорад. Вале афсӯс, ки баъзе расонаҳо дар дохилу хориҷ шояд аз бехабарӣ аз вазъ ва далелу арқом талош мекунанд ин ҳама кӯшишҳоро зери аломати савол баранд ва ҳукумат ва ниҳодҳои зирабтро накуҳиш кунанд, ки ба дарди мардум марҳам намешаванд.
Оре, мардуме, ки бар асари сел хонаву кошонаи ба умед обокарда ва заминҳои сарсабзи худро аз даст доданд, наметавонанд нигарон набошанд. Вале ин нукта ҳам набояд нодида гирифта шавад, ки паёмади ин сели даҳшатбор ва ин ярчи харобкорро наметавон дар як рӯзу ду рӯз бартараф кард. Гузашта аз ин рустоҳое, ки зарфи ин даҳсолаҳо обод шуданд, наметавонанд пас аз сел хеле ба зудӣ ба ҳоли аввала баргарданд. Ин муҳлат мехоҳад, замон мехоҳад...
Мухтасар аз рӯйдод
Дар натиҷаи боронҳои шадид, сел ва ярчи рўзҳои 14-16 майи соли 2020 дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, 18 -Ҳизб ва Хуросони ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон ба аҳолӣ ва иқтисодиёти ноҳия зарари калон расид. Аз нахустин соатҳои ин рӯйдоди мудҳиш ҷараёни кори бартарафсозии харобиҳо зери назорати бевоситаи худи Пешвои миллат буд. Барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда рўзи 18 майи соли 2020 гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Гулмаҳмадзода ташкил шуд, ки ба ҳайати он Раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода, раиси ноҳияи Хуросон Р. Сафарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назарзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Хоҷазода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Раҳмон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Аламшозода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Салимзода, муовини раиси вилояти Хатлон У. Зоҳирзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон С.Исозода шомил шуданд. Дар ҷаласаи аввали гурӯҳи корӣ Раиси ноҳияи Хуросон Р.Сафарзода маълумоти аввалияро қироат кард, ки тибқи он то 16-уми майи соли равон 301 манзили истқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон аз обу лойқа осеб дида, 11 манзили истиқоматӣ пурра ва 26 хоҷагӣ қисман зарар дида буданд. Ҳодисаи табиӣ ба иншоотҳои таъмини об, заминҳои кишоварзӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои байни деҳаҳо зарари калон расонд. Бо пешниҳои Раиси Хатлон ва Раиси КҲФ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда таъсис шуд, ки вазифаи он муайян намудани ҳаҷм ва мизони зарари расида ба хоҷагиҳо ва аҳолӣ буд.
Рӯзе пас, 19-уми майи соли 2020 тибқи Протоколи ҷаласаи ёдшуда гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси КҲФ, полковник М. Салимзода вориди амал шуд. Рўзҳои 19-20 майи соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳаи Н. Асадуллои ҷамоати деҳоти С. Айнӣ такроран фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд ва Комиссияро лозим омад рузи 21 май манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Н. Асадуллоро аз нав мавриди ташхис қарор диҳад. Маълум гардид, ки бар асари ин ҳодисаи табиӣ ба 260 манзили истиқоматӣ зарар расидааст, 36 хона пурра, 40 манзил қисман вайрон шудаанд. 184 заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон аз селобаву лойқа пур шудааст. 0,350 км роҳҳои нақлиёти аҳамияти маҳаллидошта, 8,1 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 12 пурра, 7,6 км хатҳои интиқоли барқ, 76 гектар заминҳои кишоварзӣ (53,72 га хоҷагиҳои деҳқонӣ, 11,36 заминҳои хоҷагии ёрирасон, 2,5 га заминҳои ғайрикишоварзӣ ва 8,42 га заминҳои наздиҳавлигӣ) зарар дидаанд.
Дар ин ҳодисаи табиӣ 112 сар ҳайвон, аз ҷумла 100 сар чорвои хурд ва 12 сар чорвои калон талаф шудаанд. Комиссия муайян кард, ки 28 га замини кишти пахта, 5 га картошка 3 га пиёз, 31 га гандум 0,5 га юнучқа 4 га ҷуворимакка, 2 га ҷав, 1 га помидор, 1 га бодиринг, ва 0,5 га каду низ осеб дидааст. Маблағи умумии зарар 6 миллиону 725 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Аммо ташхиси мутахассисони Саридораи геологияи кишвар нишон дод, ки хатари ярч пурра бартараф нашудааст ва алҳол имкони пешгирӣ аз лағзиши минбаъдаи он вуҷуд надорад. Аз ин рӯ ин ниҳод тавсия дод, ки 67 хоҷагии минтақа (66 хоҷагӣ аз деҳаи Неъматулло Асадулло ва як хоҷагӣ аз рустои 18-уми Ҳизб) ба маконҳои бехавф фавран кӯчонида шаванд. Саридораи геология дар гузориши худ навишт, ки ярч ҳамоно дар ҳоли ҳаракат аст ва таъхир метавонад фоҷеабор бошад.
Рўзи 24 майи соли ҷорӣ ба ҳар 67 хоҷагӣ дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти С. Айнӣ 0,08 га заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо ва ҳамаи онҳо барои зиндагонии муваққатӣ бо хаймаҳо таъмин карда шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулоддаи такрорӣ дар ҳудуди деҳаҳои зикргардида рӯзи 1 июни соли ҷорӣ гурўҳи корие, ки аз ҳисоби мутахассисони Кумита ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, бори дигар мавзеъро таҳқиқ карданд. Дар асоси ташхисҳои иловагии гузаронидашуда ва пешниҳоди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчонидани боз 31 хоҷагии деҳаи Н. Асадуллои ҷамоати деҳоти С. Айнӣ дар назар дошта шудааст.
Роҳандозии корҳои бартарафсозӣ
Барои бартараф намудани ҳолати фавқулодда дар деҳаҳои Н. Асадулло, 18 Ҳизб ва Хуросони ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон аз рўзи аввал 30 нафар (баъдан бо 20 нафари дигар илова шуданд) хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон барои кумак ба аҳолии зарардида сафарбар шуданд. Кумита ба ин ҳадаф 15000 литр сўзишвории дизелӣ, 1 адад экскаватори ХУНДАЙ ва 1 адад борбардори фронталӣ ҷудо кард.
Ҳукумати Хатлон аз ҳисоби захираҳои раиси ҳукумати 2 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ва 75 хайма дод, ки наҷотдиҳандагони КҲФ як шаҳраки муваққатии хайманишинонро бунёд намуданд. Таҳти роҳбарии Ситоди бартарафкунии офати табиӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои вилоят, ноҳия ва Кумита иборат аз 3091 нафар коргарону хизматчиён, афсарону сарбозон, инчунин техникаву нақлиёти махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ оғоз гардидаанд. Рӯзи 29 май дар деҳаҳои зарардида алакай 186 хона пурра ва 4020 метр роҳи байни кӯчаҳо аз лою селоба тоза карда шуд. Танҳо 50 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 29 май 105 хонаи истиқоматии сокинонро пурра аз лойу лойқа тоза карданд.
Агар ҳама корҳои анҷомшуда дар поксозии лойобаҳои сел, барқарорсозии роҳҳои харобшуда, хатҳои интиқоли барқ, кӯчаҳо, хонаҳо, заминҳои кишт ва ғайраро нависем, даҳҳо саҳифаро рангин бояд кунем. Танҳо чизе, ки мехоҳем таъкид намоем, дар ин рустоҳои фалокатомада зиндагӣ тадриҷан ба ҳолати одӣ бармегардад. Табиист, ки дар чанд ҳафта наметавон се рустои харобшуда, ки сокинононаш даҳсолаҳо онро обод кардаанд, ба ҳолати аввала баргардонд. Вале корҳои муқаддамотӣ анҷом мешаванд, лою лойоба аз ҳавлиҳои сокинон ва заминҳои кишоварзӣ берун бурда мешавад, ба ҷӯйборҳои харобшуда дубора об ҷорӣ мешавад, табассуми пур аз меҳр дар лабони тифлакони мусибатзада боз гул мекунад.
Кўмакҳои расида ба аҳолии зарардида
Тӯли ин рӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати вилоят, ноҳия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ниҳодҳои дигари давлативу ғайридавлатӣ, шахсони саховатпеша, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар кумкаҳои зиёди ғизоӣ, маводҳои беҳдоштӣ, сохтмон расонида шуд, ки ҳамаи онро наметавон дар мақола ном ба ном ғунҷонд. Хеле кутоҳ ин кумакҳоро ном мебарам:
Орд - 45,8 тонна, картошка - 20,5, пиёз – 22,6, биринҷ 16,5, макарон – 5,8, марҷумак – 3, ярмаи ҷав – 3, сабзӣ – 12, равған – 5,9 тонна, гӯшт – 750 кило, шакар 90 кило, қанди сафед 190 кило, тухм 900 дона...
Масолеҳи сохтмонӣ: 370 тонна семент, 370 метри кубӣ тахта, 3700 дона шифер ва 74 тонна арматура.
Дар ин рӯзҳо КҲФ илова ба сӯзишвории дизелӣ боз ба ниёзмандон 300 бастаи беҳдоштӣ, 300 зарфи даҳлитра барои оби нушокӣ, 100000 ҳабб барои безараргардонии оби нушокӣ ва 15 тонна орд, 1300 адад бистар, 1300 болишт, 1300 кампал, 1300 баста рахти хоб, 104 дона белу каланд, 260 дона сатили пластикии даҳлитра, 260 дона рӯпушҳои аластикӣ, 260 баста ҷиҳози ошхона, 260 баста маводҳои беҳдоштӣ тақсим намуд.
Мақомоти ҳокимияти давлатии Хатлон илова ба маводи ғизоӣ ба ниёзмандон 2000 дона ниқоб, маҷмуъи либосҳо, айнакҳои муҳофизатӣ, ҳароратсанҷ, бахил, дастпӯшҳо, кулоҳ ва маводҳои антисептикӣ таҳвил дод.
Ғайр аз ин дар бораи қолину кӯрпаву курпачаву болишт, сару либос, ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра, ки соҳибкорони инфиродӣ, саховатпешагон, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ, ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, созмонҳои хайрияи байналмилалӣ карданд, метавон боз чандин саҳифаҳоро сиёҳ кард.
Ба ҷойи хулоса
Оре, ин навиштаро метавон идома дод. Ҳоло вазъ дар минтақа ба гунае нест, ки рӯзҳои аввал буд. Вале ҳамоно корҳо мондаанд, ҳамоно сарбозони КҲФ ва дигар кумакгарон миёни обу лойянд ва поккориҳо ҳамвора идома доранд. ҳамоно Раиси КҲФ генерал Р.Назарзода ва дигар сарварон ба назди осебдидагон мераванду меоянд, ба мушкилашон расидагӣ мекунанд.
Ҳоло касоне, ки заминҳои нав гирифтанд, пойдевори хонаҳои худро мегузоранд, дар бахши холӣ аз иморати оянда кишт мекунанд. Дар айни замон онҳо бо масолеҳи сохтмон таъминанд, вале зери назаранд ва ҳар камбуде барои бунёди хонаҳо доранд, ҳукумат тавони ислоҳи онро дорад. Тавре аз Ситод гуфтанд, то бунёди хонаҳои нав мақомот пайваста бо осебдидагонанд ва пайваста барои рафъи камбудиҳо чараҷӯӣ мекунанд...
Бобоҷон Шафеъ, рӯзноманигор
P.S. Ин мақола дар шакли каме кутоҳшуда дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” рӯзи шанбе, 13-уми июни соли 220 чоп шуд. Муаллиф ба дастандакорони нашрияи муътабар изҳори сипос мекунад. Мақоларо дар сомнаи “Ҷумҳурият” низ метавонед мутолиа намоед: