Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд субҳи рӯзи 14-уми июни соли 2020 мошини тамғаи “Мерседес”, ки аз ҷониби як хонуми 29-сола, сокини шаҳри Ваҳдат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар километри 11 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар мавзеъи Фондарё, воқеъ дар деҳаи Петеи ноҳия и Айнӣба умқи 10-20 метр сарозер шуд.
Гуфта мешавад, ки ронанда шояд аз он ки бо суръати баланд меомад, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба тарафи рости роҳ тоб хӯрд ва ба ҷарӣ чаппа шуд. Баъди гирифтани хабар Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ронанда ва мусофирони дохили автомашинаро бароварданд. Дар ин садамаи маргбор 1 нафар аз ҷумлаи мусофирон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ронанда ва ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористони марказии ноҳияи Айнӣ бистарӣ шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ шахси ҳалокшуда истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Раҷаббой Исмоилов буда, 21 сол умр доштааст.
Ронанда Мунира Мамадқулова, сокини шаҳри Ваҳдат, соли таваллудаш 1991, Акмалҷони Раҳмат соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат ва Қудратов Азамат соли таваллудаш 1995 низ истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат бо захмҳои гуногун ҳоло дар бемористони ноҳияи Айнӣ бистарӣ шудаанд.
Сабабҳои ин садама аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтиш мешавад.
Об дар таҳхонаи сокинон ва мори рамидаи манзили истиқоматӣ
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе соати 10:40 дақиқаи рӯзи 14 – уми июни соли 2020 хабар расид, ки дар таҳхонаи бинои истиқоматии 150/1 кӯчаи Яккачинори ноҳияи Синои пойтахт об ҷамъ шудааст ва хавфи хисорат ба бино таҳдид мекунад.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафабар гардида, соати 11:28 дақиқа оби таҳхона пурра кашида ва хавф бартараф карда шуд.
Соати 13:40 дақиқа як сокини кӯчаи ҳувайдуллоеви пойтахт ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар манзили истиқоматиаш мор пайдо шудааст.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд ва ҳарчанд то соати 14:37 ҷустанд, морро пайдо накарданд. Эҳтимол меравад мор аз садоҳо рамидаву аз сӯрохе боз берун рафта бошад.