Дар Раёсати вилояти Суғд дар асоси иҷрои супоришҳои Ҷаласаи хайати мушовараи Кумита аз 11 апрели соли 2020, №2 «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумита дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2020» аз ҷониби ҳайати шахсии Раёсат ҳашари умумӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар утоқҳои корӣ, гирду атрофи бинои Раёсат корҳои ободонӣ роҳандозӣ шуданд. Инчунин бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) аз тарафи афсарони шўъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд гирду атрофи бино, утоқҳои корӣ, роҳравҳо, ошхона, амборҳо, тамоми техника ва лавозимот, автомошинаҳои махсус бо маҳлули безараргардонӣ пошиданд.
Ш.Бутаева, сардори бахши
кор бо ҷомеаи Раёсати
вилоят, лейтенант