Ахбори рӯз

Таҳқиқи нури гамма ва тамаркузи симоб дар фазои муассисаҳои миёна ва томактабии шаҳри Душанбе

Мутахассисони озмоишгоҳи кимиёвӣ- радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сатҳи нури гаммаи ба ҳаҷми радони фаъол эквивалент ва тамаркузи симоб дар фазои муассисаҳои томактатӣ ва таълимоти умумии шаҳри Душанберо санҷиданд.

Барои таҳқиқ аз ҳар ноҳияи пойтахт як муассисаи таълимоти умумӣ ва як муассисаи томактабӣ интихоб гардид. 

Озоиш нишон дод, ки дар муассисаҳои интихобшуда сатҳи нури гаммаи ба ҳаҷми радони фаъол эквивалент ва тамаркузи симоб дар фазо ба меъёр мувофиқат мекунад.

Ёздаҳ фазилати “Роғун” аз дидгоҳи дипломати тоҷик

Ба вуҷуд омадани баҳре дар майдони 70 километр, саҳнаест барои варзишҳои шиноварӣ, заврақронӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои тавсеаи моҳипарварӣ, ташкили санаторияву истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тоза, ки дар як тараф кӯҳҳои сарсабз истодаанду дар дигар тараф баҳре бо оби ширину мусаффо. Илова бар он, баландии садди (плотинаи) “Роғун” 335 метр буда, он дар навъи худ (дар миёни

Анҷоми ҳамоиши дурӯзаи омӯзишӣ-методӣ дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ

Ширкаткунандагони як мизи мудаввар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хостори табодули таҷриба дар мавриди ташкили гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот дар кишвар шуданд. Ин мизи мудаввар, ки зарфи ду рӯз бо ширкати зумрае аз масъулин, мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, ташкили зерсистемаҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоатҳо ва амали гурӯҳҳои ихтиёрии наҷотро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як гузориши радиои “Озодӣ”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба гузориши радиои “Озодӣ” дар мавриди ҳолати садамавӣ дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт хабар медиҳад, ки ин камбудӣ ҷой дорад. КВД “Обу корез” вазифадор шуд, ки бо иваз кардани қубурҳои фарсуда ҳолати садамавиро аз байн барад ва сокинонро аз ноамнии эҳтимолӣ раҳонад.

Санҷиши омодагиҳои ҳарбӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Омодагии ҳарбӣ як бахши муҳим барои ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аст. Сарбозони Ватан бояд ҳамеша омодаи иҷрои ҳар вазифа бошанд ва аз ин рӯ санҷишҳо ба хотири ошкор намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо ва ҳамчунин боло бурдани рӯҳияи ҳарбии ҳайати шахсӣ заруранд.

Страницы