Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд чорабиниҳои намоишии “Пўшидани либосҳои атласу адрас дар байни духтарон”, “Чакомаи гесў, ороиши мўй, рўй, тарзи ҳаракати мавзун, фарҳанги муоширати духтарон”, “Озмуни кадбонуи беҳтарин”, “Хуришҳои беҳтарини миллӣ ва муосир”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур бонувони Раёсат, ба гурўҳҳо ҷудо шуда, аз рўи шартҳои гуногун байни ҳам сабқат карданд, маҳорати кадбонугиву дўзандагии худро санҷиданд.
Аз рўи шарти навбатӣ бонувон тарзи либоспушии миллии тоҷикона, атласу адраси расмӣ, замонавӣ, кӯдакона ва рӯзмарра, тарзи дуруст интихоб намудани матоъ, пӯшидан ва муаррифи намудани либоси миллии тоҷиконаи атласу адрас ба иштирокчиёни чорабинӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Инчунин аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинии мазкур аз рўи шарти “Озмуни кадбонуи беҳтарин”, “Хуришҳои беҳтарини миллӣ ва муосир”, “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” намудҳои таомхои миллӣ, хуришҳои миллӣ ва муосир гулдухтарон таому хуришҳои омода кардаи худро пешкаши ҳозирин намуданд, ки маҳорати беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва иштирокдорон зикр гардид.
Ш.Бутаева, сардори бахши кор
бо ҷомеаи Раёсат, лейтенант.