КОРОНОВИРУС: Шумораи мубталоён дар ҷаҳон аз ним миллион нафар бештар гашт. Амрико вогиртар аз Чин шуд

Тибқи оморҳое, ки давлатҳо то субҳи имрӯз мунташир краданд, тедоди мубталоён ба короно аз ним миллион нафар гузашт. Аз ин теъдод беш аз 120 ҳазор нафар муолиҷа шудаанд ва ҳудуди 23 ҳазор нафар ҷонашонро аз додаанд. Чин, Италия, ИМА, Испания, Олмон ва Эрон беш аз кишварҳои дигар шаҳрвандони сироятшуда доранд.

Амрико дар шумори сироятёфтагон ба короновирус аз Чин пеш гузашт. Субҳи имрӯз мақомоти амрикоӣ омори сиоятёфтагонро 85,5 ҳазор нафар эълон кард, дар ҳоле, ки Чин мегуфт 81,8 ҳазор сокинонаш аз оғоз то кунун ба ин беморӣ мубтало шуда буданд. 

Доналд Тромп-президенти ИМА сабаби инро дар тести дурусти короновирус дар кишвараш хонад. Вай дар нишасти матбуотӣ эълон кард, ки якбора боло рафтани омори сироятёфтагон ба роҳандозии тестҳо дар саросари кишвар вобаста аст, ки ба зудӣ сироятшудагонро ошкор мекунад. Майк Пенс-ноиби президенти ИМА дар ҳамон нишаст эълон кард, ки зарфи ин чанд рӯз дар саросари мамлакат 552 ҳазор нафар аз тести короновирус гузаштанд.  Вай ҳамчунин хабар дод, ки шеваи тест дар ИМА усулан фарқ мекунад ва дар 15 дақиқа натиҷаи он муайян мешавад. 

Бино ба омори дигар то кунун дар Амрико аз ин беморӣ беш аз 1100 нафар мурдаанд.

Презимденти ИМА Доналд Тромп дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки ба зудӣ корхонаҳо бояд фаъолиятҳои худро аз сар гиранд ва одамон ба маҳалли корашон баргарданд. ”Онҳо бояд сари кор баргарданд, кишвари мо бояд баргардад, ин усул ва асоси кишвари мост ва ба назари ман ба зудӣ иттифоқ хоҳад уфтод”. Ӯ боз гуфт: “Вақте ман мегӯям бармегардем, бисёриҳо ҳарфи маро иштибоҳ таъбир мекунанд. Онҳо (касоне, ки сари кор бармегарданд) то ҷойе мумкин фосилаи иҷтимоиро риоят хоҳанд кард ва дастонашонро хоҳанд шуст ва бо касе даст нахоҳанд дод...”

Тибқи оморҳо дар як ҳафта 3,3 миллион амрикоӣ кори худро аз даст додааст. Ин бадтарин омори ҳафтаи бекорӣ дар таърихи ин кишвар аст ва рукуди қаблӣ марбут ба соли 1982 буд. Он замон дар як ҳафта 695 ҳазор нафар бекор монда буданд.

Тибқи оморҳое, ки давлатҳо то субҳи имрӯз мунташир краданд, тедоди мубталоён ба короно аз ним миллион нафар гузашт. Аз ин теъдод беш аз 120 ҳазор нафар муолиҷа шудаанд ва ҳудуди 23 ҳазор нафар ҷонашонро аз додаанд. Чин, Италия, ИМА, Испания, Олмон ва Эрон беш аз кишварҳои дигар шаҳрвандони сироятшуда доранд.

Зарфи як шабонарӯз дар Британияи Кабир 115 нафар ҳалок шуданд ва дар ҳамин муддат 2129 нафар ба короновирус сироят ёфтанд.

Шумори сироятшудагон дар Фаронса дар шабонарӯзи гузашта 365 нафар буд.  Аммо манбаъҳои дигар гуфтаанд, ки гумон меравад шумори қурбониён дар Фаросна болотар аз оморҳои расмӣ бошад. Мақомҳои Фаронса танҳо касонеро бемор меҳисобанд, ки дар бемористонҳо бистарианд.

Русия кулли парвозҳои ҳавопаймоҳои худ ба хориҷ аз мамлакатро лағв кард. Ин ҳавопаймоҳо муддате танҳо барои бозгардонидани шаҳрвандони Русия аз хориҷ парвоз хоҳанд кард, вале дар бозгашт хориҷиёнро намеоранд. Ин дар ҳолест, ки Русия аввал парвози тайёраҳои худро ба Чин манъ карда буд. Баъдан ҳама гуна парвозҳо ба Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия лағв шуд. 

 Чин ҳам ахиран эълон кард, ки ба далели густариши дубораи вирус дар мамлакат парвозҳои байналмилалиро ба сурати чашмгир коҳиш медиҳад. Онҳо мегӯянд аз он нигаронанд, ки короновирус бори дигар дар Чин ҳамагир шавад ва ин бор он аз хориҷ дубора ворид гардад.

Таиланд ҳам вазъияти изтироорӣ эълон кард. Сафарҳо ба дохилу хориҷ маҳдуд шуданд, ҷамъомадҳо қатъ гаштанд, ҷаласаҳои нақшавӣ лағв шуданд

Дар ҳамин ҳол роҳбарони 20 кишвари саноатии олам дар ҷаласаи видеоии худ ваъда додан 5 трилион доллар ба иқтисоди ҷаҳони кумак кунанд.

Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз аввалин фавтидагон бар асари короновирус хабар доданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар эълон кард, ки дар кишвар ҳодисаи сироят ба короновирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ҳамаи касоне, ки тӯли ин муддат аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шуданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд.

барчасп: