Дарсҳои омӯзишии қоидаҳои рафтор дар пандемияи эҳтимолӣ дар Раёсати ВМКБ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавриди таҳким ва вокуниш ҳангоми пандемияи эҳтимолии COVID 2019 дар ҳамаи воҳидҳои сохтории  Раёсати Кумита дар ВМКБ дар миёни ҳайати шахсӣ корҳои пешгирӣ ва таблиғотӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ҳамаи воҳидҳои сохтории КҲФ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон, кормандони тиббӣ ва сарбозони КҲФ гурӯҳҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ омода мекунанд. 

Чунончӣ, Раёсати КҲФ дар ВМКБ бо мақсади омода намудани гурӯҳи мазкур бо ҷалби мутахассисон аз Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологии вилоят давраҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд. 

Кормандони Раёсати КҲФ назарияи ҳузур дар минтақаи эҳтимолан зарарнокро омӯзониданд ва ба онҳо шеваҳо ва қоидаҳои ҳимоя аз сирояти эҳтимолӣ ҳангоми роҳандозии корҳои наҷотро фаҳмониданд.

 Баъди назария мутахассисони Маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ бо ёрии маҷмуъи воситаҳои ҳимояи шахсӣ дар амал омӯхтаҳои худро нишон доданд.

 

барчасп: