Ахбори рӯз

Изҳори ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI ибни Ҳасан

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш муҳтарам Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу хоки рӯзҳои 11-13 сентябр

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 11-13 сентябри соли 2023 бар асари тағйири обу ҳаво дар навоҳии марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст. Он ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон ворид мешавад.

Ба зарардидагони ду ноҳияи шаҳри Душанбе дар селҳои охир кумак расонда шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи минбаъдаи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди расонидани ёриҳо ба сокинони осебдидаи кишвар дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ идома медиҳад.

Ба шарофати вокуниши сареъ ва ташкили саривақтии ҳамкориҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳо аз офати табиӣ сари вақт кумакҳо расонида шуданд.

Таҷлили рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

6 сентябри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти КҲФ, мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Комитет ширкат доштанд.

Хонаводаҳои осебдида аз сел кумакҳои башарӣ дарёфт мекунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба расонидани кумак ба аҳолии осебдидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сели 27-28 августи соли равон идома медиҳад. КҲФ амалиёти муштаракро бо вазорату идораҳо ҳамоҳанг карда, дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида кумак мерасонад.

Страницы