Ахбори рӯз

Се ғарқшудаи рӯзҳои охир. Яке ҳамагӣ 11 сол дошт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ва технигенӣ сабт нашуд. Вале мутаассифона, боз ҳам аз бетаваҷҷуҳии падару модарон ва риоя нашудани қоидаҳои шиновариву оббозӣ аз ҷониби калонсолон дар обҳои кишвар се ҳодисаи марги одамон дида шуд, ки як нафари онҳо наврас буд.

Чунончӣ, 20 августи соли 2023 соати14:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ...

Моро табрик мекунанд....

Дар робита ба таҷлили 29-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони дигар сохторҳои наҷоти кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ табрикоти самимӣ ворид мешавад.

Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон

17 августи соли равон дар доираи  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия  Рустам Назарзода Майдони Парчами Давлатӣ ифтитоҳ гардид.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳои эҳтимолӣ дар як қатор навоҳии кӯҳии кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуди сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 19-21 августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Рӯзҳои 15-17 августи соли 2023 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гржданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода»  ташкил ва гузаронида шуд.

Страницы