Ахбори рӯз

Ҳарорати ҳаво тағйир меёбад ва дар минтақаҳо барфу борон меборад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 12 то 15-уми октябри соли равон дар ҳудуди баъзе аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе навоҳии ғарбии ВМКБ борон меборад ва дар шарқи ВМКБ эҳтимоли боридани борону барф вуҷуд дорад.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Рӯзӣ 9 октябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита чорабинии бахшида ба “Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ-13 октябр” “Рӯзи дарҳои боз” гузаронида шуд, ки дар он аз роҳбарият, муовини раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода, намояндагони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои дахлдори Кумита, шарикони рушд ва як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

Зарардидагони офати табиӣ дар деҳаи Варваи шаҳри Ваҳдат соҳиби хонаҳои нав шуданд

Дар асоси фармоиши Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда ба зарардидагони офати табиии деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромити  шаҳри Ваҳдат, ки дар натиҷаи боридани борони шадиди рӯзи 18 майи соли 2024  5 манзили истиқомати пурра ва ду манзил қисман зарар дида буданд аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масолеҳи сохтмонӣ аз қабили семент, шағал,

Корҳои сохтмонӣ барои аҳолии аз офат зарардидаи деҳаи Искодар то 15-уми октябри соли равон ба анҷом мерасанд

Корҳои сохтмонии хонаҳои барқароршаванда дар мавзеи нав барои зарардидгони офат дар деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ ба суръат идома доранд. То 3 октябри соли 2024, ки як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сардори Сарраёсат генерал-майор Ҷамшед Камолзода аз ин мавзеъ дидан кард, корҳои сохтмонӣ

Заминларза дар Тоҷикистон

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  8 октябри соли 2024, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 287 километри ҷанубу шарқ шаҳри Душанбе ва 30 километри шимолу шарқи шаҳри Хоруғ буд.

Страницы