Ахбори рӯз

Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар КҲФ

19 октябри соли 2023 бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025)» ва тибқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия дар Дастгоҳи марказии Кумита вохӯрӣ бо сарнозири Агентии назорати давлатии молиявӣ ва...

Сокинони аз офат зарардидаи деҳаи Дашти Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби биноҳои нав шуданд

18 октябри соли 2024 маросими ба истифода додани хонаҳои сохташуда барои аҳолии деҳаи Дашти Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, баргузор гардид. Дар маросими тантанавӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода, сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд полковник Додиён Б. ва наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи

Мулоқоти судманд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

17 октябри соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Рустам Назарзода муовини сардори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳо хонум Франсис Вугтли ва Директори минтақавии Каритаси Швейтсария дар Тоҷикистон ҷаноби Шинан Кассамро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ рушди ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ, ташкили давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон баррасӣ шуд.

Оғози тамрини дурӯза дар ноҳияи Нуробод

Марҳилаи якуми тамрини “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода" дар ноҳияи Нуробод рӯзи 17 октябри соли 2024 оғоз шуд.

Дар он  ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Нуробод ширкат карданд.

Мулоқоти генерал Рустам Назарзода бо Виктор Лутенко

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо роҳбари нави Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виктор Лутенко мулоқот намуд.

Раиси КҲФ ба ҷаноби Лутенко дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои он, инчунин дар бораи офатҳои табиии ба қайд гирифташуда дар кишвар маълумот дод. Ҳамчунин дар бораи ироаи кумаку дастгирии ҳукумати кишвар ба аҳолии осебдида маълумот дод.

Страницы