Ахбори рӯз

Муроҷиатномаи Ситоди шаҳрии Кӯлоб ба мардум: Мо ба нерӯи созандаи Шумо ҳамдиёрони бонангу номусамон боварӣ дорем

Ситоди шаҳрии бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб зимни и пахши як муроҷиатнома аз сокинон хостааст юарои рафъи паёмадҳои офатҳо бештар муттаҳид бошанд ва барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ ва поккории минтақаҳои офатзада аз сел бештар талош кунанд. Дар муроҷиатнома аз ҷумла ом адааст:

Баргузории ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Пешгирии офатҳои табиӣ ва коҳиши хатарҳо яке аз вазифаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Дар робита ба ин, 26 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Ҳокимияти Иҷроияи давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси Ҳукумати вилоят Ёдгор Файзов ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ баргузор гардид.

Наваскарони даъвати баҳорӣ дар қисми ҳарбии КҲФ савганди садоқат ёд карданд

26 – уми майи соли 2021 дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон доир гардид, ки дар он ҷонишини Раиси Ҳукумати ноҳия С. Тағоймуродзода, намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия, ҳамчунин волидон ва наздикони даъватшудагон иштирок карданд.

Баргузории давраи омӯзиши дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи "Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2030", инчунин баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодагӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Наҷоти ду кӯдак дар як лифти харобшуда. Яке 8-солаву дуюмӣ якмоҳа

Рӯзи 25.05.2021 соати 20:40 дақиқа як сокини ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдорӣ хабар дод, ки лифти баландошёна дар кӯчаи Асадулло Ғуломов вайрон шудааст ва ду фарзанди ӯ дар дохили он мондаанд.

Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳзолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 20:44 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 21:09 дақиқа дари лифтро кушода, шаҳрвандонро бароварданд.

Страницы