Роҳандозии чораҳои пешгирикунанда дар Ҳисор
Чоп шуд: 18/03/2021 | redaktor17 – уми марти соли 2021 бо мақсади омодагиҳо ба мавсими обхезиҳову селҳои эҳтимолӣ дар ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисор якҷо бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳал ва бо ҷалби сокинон корҳои поксозии селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳо аз партовҳо ва ҳар гуна ифлосиҳоро роҳандозӣ карданд.