Ахбори рӯз

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе аз рафъи паёмадҳои сел дар чанд кӯча ва биноҳои бинои истиқоматии пойтахт хабар дод

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми майи соли равон бар асари боронҳои шадид ва резиши жола об ба як қатор ҳавливу роҳрав ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ  ворид шудааст.

Аз ҷумла, дар кўчаи Крупская - 2 оби борон ба таҳхонаи як сокини он ворид шудааст. Дар кӯчаи Фирдавсӣ таҳхонаи бинои 61-ро пур кардааст.

Дар садамаи мошин дар Сарводаи Айнӣ ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳарду 18-сола ва сокини як деҳа буданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳалокати ду нафар ва маҷруҳ гардидани як нафар дар як садама дар мавзеъи Сарводаи ноҳияи Айнӣ хабар дод. 

Бино ба ин гузориш мошини сабукрави тамғаи “Опел Астра”, ки ба як сокини 24-солаи деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат ба самти маркази ноҳия ба дарёи Фон сарозер шуд.

Сабабҳои ҳалокати як ҷавони 18-солаи сокини деҳаи Шоҳони ноҳияи Деваштич дар рӯди Сир таҳқиқ мешавад

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз пайдо кардани ҷасади як сокини 18-солаи деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич  хабар дод, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар рӯди Сир ғарқ шуда буд.

Бино ба хабар сабаби ғарқи об шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест.

Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушӣ задаи худро наҷот дод, вале худ ғарқ шуд

Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Вахш

Бо мақсади иҷрои Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ, вокуниш ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2022 ва дастури Раиси вилояти Хатлон “Дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷишҳо ва омӯзишҳои маҷмуъии мудофиаи гражданӣ” аз 16 то 18 майи соли 2022 дар қаламрави ноҳияи Вахши вилояти Хатлон кормандони

Страницы