Ду ғарқшуда дар Суғд. Якеро наҷот доданд, дуюмӣ ба ҳалокат расид

Ду ғарқшуда дар Суғд

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як сокини 16-солаи ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчо дар оби канали маҳалли зисти худ ғарқ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 24-уми июни соли равон тахминан соати 16:50 дақиқа рух додааст.

Соате пас аз фоҷеа сокинони деҳа ҷасади ноболиғро пайдо ва ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқу тафтиш супурданд.

Сабаби ғарқ шудани ин писараки 16-сола маълум нест. Шояд надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва беэҳтиётӣ сабаби ин фоҷеа бошад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бегоҳии рӯзи гузашта, тахминан соати 18:00 як сокини 18-солаи ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен дар мавзеъи Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳаноми шиноварӣ дар ҷойи мамнуъ ғарқ шудааст.

Бо талоши кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ин ҷавонписар солим наҷот дода шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон меунад, ки риояи қоидаҳои оббозиву шиноварӣ гарави аслии таъмини амнияти шумост. Пас бояд ҳатман қабл аз вориди об шудан, зарфиятҳои шиновории худро бидонед ва агар оббозӣ наметавонед, пас хуб аст, ки аз соҳил қадаме дохил наравед.

барчасп: