Рӯзи 24-уми июн, соати 20:45 дақиқа як сокини кӯчаи Шестопалови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада, хабар дод, ки дари манзилаш баста шудаву наметавонад ба он ворид шавад. Дар дохили хона ду кӯдаки 5-1-солаи ӯ танҳо мондаанд.
Бо дарёфти хабари дастаи имдоди Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расид ва соати 21:10 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаи шаҳрвандро боз намуда, кӯдаконашро солим ба модарашон супурданд.
Кӯдакони танҳо осеб надида буданд.