Ахбори рӯз

Резиши санг дар ноҳияи Рӯшон. Паёмадҳои он бартараф шуд

Резиши санг дар ноҳияи Рӯшон
3 феврали соли 2022, соати 15:11 ба вақти маҳаллӣ, дар километри 97-уми роҳи мошингарде, ки аз худуди деҳаи Ватангони ҷамоати деҳоти А.Басизи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуд.  Ин резиши санг талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёти кишвар роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз рӯзҳои боронии оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 8 марти соли 2022 дар қаламрави кишвар боронҳои шадид (дар баландиҳои беш аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст. Бар асари боронҳои шадид хатари баланд шудани сатҳи

Зилзила дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисороти дигар

Бино ба  маълумоти идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон соалти 14:57 дақиқаи рӯзи дуюми марти соли равон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин такони замин 306 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 270 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон буд.

Як ҳамлаи дигари паланги барфӣ. Ин бор ҳам дар Роштқалъа

3 марти соли 2022 тақрибан соати 01:30 паланги барфӣ ба оғили як сокини деҳаи Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ ворид шуд ва ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла кард. Дар ин ҳамла ба паланг муяссар шуд 6 сар чорвои хурдро нобуд кунад. Сокинони деҳа ҳамроҳ бо имдодгарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Омодагӣ ба баҳор. Поккориҳо дар канали Мулло Шодӣ дар Турсунзода

Бо мақсади иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар минтақҳои хавфнок 2 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ҳудуди маҳаллаи хавфноки деҳаи Бобониёз Тошев-2 тамрини Ситодӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати фармондеҳони Ситод...

Страницы