Хабарҳои рӯзи гузашта: Захмиёни резиши санг дар Язгулом, тармаи харобкор ва селҳои таҳдидовар
Чоп шуд: 17/03/2022 | redaktor
Резиши санг се корманди КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиётро захмӣ кард. Сел як садди 40-метраро дар Восеъ шуст. Тарма дар Шуғнон як хонаро пурра ва хонаи дигарро қисман хароб кард. Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки то чанд лаҳза пеш баста буд, боз шуд.
Бориши пуршиддати борон дар қаламрави кишвар ва гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои охир ҳамоно хатарҳои лағзиши тарма ва омадани...