Ахбори рӯз

Се ноболиғи ғарқшуда дар рӯди Душанбе ва Сурхоб. Яке наҷот ёфт, дуи дигар фавтиданд

Баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми июли соли 2012 ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ду ноболиғ дар минтақаи пули "Султони Кабир"-и дарёи Душанбе дар об ғарқ шудаанд. Ҳозирон якеро наҷот додаанд, дуюмӣ аз назарҳо нопадид шудааст.

Дастаи наҷоти Раёсат фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расид.

Хабарҳои рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ё техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар дар баъзе ноҳияҳо аз 8 то 10-уми июл ҳавои тираву пургарду хок боқӣ мемонад. Рӯзҳои 8-10 июл дар ноҳияҳои кӯҳиву баландкӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Ба Кумита воситаҳои техникӣ супурда шуданд

7 июли соли 2022 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва дигар чорабиниҳо таҷҳизотҳои техникӣ, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон харидорӣ шудааст, пешниҳод гардид.

Баргузории ҷаласаи мушовараи Кумита

7 июли соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумита полковник Ҳотамшо Латифзода  ва бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Маҷидзода ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали КҲФ баргузор шуд.

Анҷоми марҳилаи аввали сохтмони Маркази миллии таълимии омодасозии наҷотдиҳандагон (ВИДЕО)

5 июли соли 2022 дар доираи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ба эътидол овардани марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки тавассути Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, марҳилаи аввали корҳои таҷдид ва сохтмони Маркази миллии таълимии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт.

Страницы