20 августи соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо дар бораи қонунҳои зиддикоррупсионӣ бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назариён мулоқот баргузор шуд.
Зимни суханронӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Стратегияҳои мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» меҳмон консепсияи коррупсия, роҳҳо ва пешгирии коррупсия ва окибатҳои ин кирдорҳоро шарҳ дод.
Ҳамчунин, ба кормандони КҲФ оид ба мубориза бар зидди сӯиистифода аз маблағҳои буҷетӣ, сӯистифода аз мансабу вазифа, тамаъҷӯӣ, ришвахорӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ маълумот дода шуд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки мубориза бо коррупсия кори муштарак ва умумӣ буда, барои муборизаи бомуваффақият ва аз байн бурдани он иштироки тамоми сохторҳои давлатӣ зарур аст.
Дар поёни нишаст миёни кормандони КҲФ ва намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия табодули афкор сурат гирифт.