Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофии граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва ҳайати шахсии Раёсати вилоят ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он» омӯзиш гузарониданд.
Машқҳо ба таҳияи алгоритми амалҳо дар рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, яъне омодасозии аҳолӣ, гузаронидани корҳои наҷот ва дигар корҳои таъхирнопазир, зуд барқарор намудани фаъолияти иншооти зарурии коммуналӣ, таъмини устувории фаъолияти ташкилотҳое, ки дар ҳудуди ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти ҷойгиранд ва омодагии ҳамешаи қувва ва воситаҳо равона шуда буд.
Ҳадаф аз баргузории машқҳои фармондеҳию ситодӣ муайян намудани дараҷаи омодагии роҳбарони хадамоти гуногун барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, баланд бардоштани малакаи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳо барои хушсифат анҷом додани корҳои наҷот ва рафъи паёмадҳои ҳодисаҳои фавқулода мебошад.
Дар тамринот, ки дар се марҳила сурат гирифт, масъалаҳои омодагии сохторҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувваю воситаҳо ҳангоми сел, заминларза ва эвакуатсияи аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.