Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СААД

18-уми августи соли 2022 дар шаҳри Москави Федератсияи Русия сенздаҳумин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва конгресси сеюми Байналмилалии оташнишонӣ ва наҷот ба кори худ оғоз намуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони Вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СААД, татбиқи Нақшаҳои чорабиниҳо оид ба ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020, ҳамчунин солҳои 2022-2023, дар бораи чораҳои андешидашуда дар ҳолатҳои фавқулода, оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус, оид ба мубориза бар зидди сӯхторҳои ҷангал, иштироки воҳидҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи сирояти коронавирус, машқҳои дар доираи СААД гузаронидашуда ва ғайра баррасӣ мешавад.

Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Р.Назарзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳои Кумита полковник Камолзода Ҷамшед ва сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита полковник Аҳмадзода Музаффар баромад карданд.

Дар поёни ҷаласа имзои ҳуҷҷатҳои ниҳоии Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

19 августи соли 2022 дар доираи Конгресси сеюми байналмиллалии оташнишонӣ ва наҷот, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунад, як қатор чорабиниҳо, аз қабили намоиши техника ва технологияи оташнишонӣ ва наҷот, машқҳои намоишӣ, семинарҳо ва “мизҳои мудаввар” баргузор мешаванд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии конгресси мазкур ширкат варзида, бо фаъолияти Маркази миллии вазъи буҳронии ВҲФ ФР ошно хоҳад шуд.

барчасп: